Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи хизматрасонии оила ва кӯдаки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соима Муҳаббатова, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон сол аз сол зиёд мегардад. Соли ҷорӣ барои истифодаи имтиёзҳо вобаста ба муолиҷаи санаторию курортӣ, истифодаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ, барои хизмати алоқа ва коммуналӣ (об, партовҳо, гармидиҳӣ), ҷубронпулӣ барои иштирокчиён ва маъюбони садамаи Чернобил бар ивази роҳхатҳои гирифтанашуда, барои муолиҷаи санаторию курортӣ, инчунин нигоҳдории осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои маъюбон, хариди таҷҳизоти протезию ортопедӣ ба маблағи 69 млн.972 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки он аз амалӣ шудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ 557 ҳазору 998 нафар нафақахӯрон, аз ҷумла беш аз 156 ҳазор маъюбон,ҳастанд, ки 1747 нафарашонро маъюбони ҶБВ ва 19 ҳазору 500 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Андозаи миёнаи нафақа аз рӯи синнусол то 1 –уми июн 92,04 сомонӣ ва аз рӯи маъюбӣ 128,57 сомониро ташкил дод.