Э. РАҲМОН БА ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ ИРСОЛ НАМУД

Июль 29, 2010 15:16

29 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Ҷаноби Олӣ,                      Бо андўҳи бузург хабари садамаи ҳавопаймои дар наздикии Исломобод рухдодаро, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон гардидааст, дарёфтам. Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, ҷаноби Олӣ, ва ба халқи дўсти Покистон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.    

Июль 29, 2010 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд