Э. РАҲМОН ДАР ОСТОНА
5 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуд. Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Баррасии роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва масоили фаъол намудани Иттиҳоди гумрукии Беларус, Русия ва Қазоқистон аз мавзўъҳои асосии ҷаласа буданд. Аз рўйи натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо қабул карда шуданд. Яке аз қарорҳои муҳим барои Тоҷикистон розигии сарони давлатҳо ба ҷудо намудани 70 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз ҳисоби Хазинаи зиддибўҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст, ки барои дастгирии иқтисодиёти кишвари мо дар давраи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Зимни нишасти матбуотии сарони давлатҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои ҳамоиши навбатӣ ва қарорҳои қабулшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ дар доираи ин созмон ҳавасманд аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






