ЭНЕРГЕТИКҲО ДАР МУСОБИҚОТИ ФУТБОЛИ ХУРД ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Июль 12, 2010 17:05

Душанбе 12 июл (АМИТ « Ховар»  Покиза Маҳмадбекова). Энергетикҳои ҶСК Неругоҳи барқи обии «Сангтуда-1» дар мусобиқаи 4-уми футболи хурд барои дарёфти Ҷоми « ИНТЕР РАО ЕЭС»- бузургтарин ширкати  содир ва воридкунандаи нерӯи барқ дар Руссия иштирок менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 9 то 15 сентябр  дар шаҳри Тираспол мегузарад ,дастаҳои ҶСК   «  ИНТЕР РАО ЕЭС» , ҶСП «МЭК» ,ҶС « Теласи» , ҶС  « Истгоҳи Экибастуз-2» , ҶСП « Хатҳои барқии Арманистон», филиалҳои «ТЭЦ-2-и Калининград , «ТЭЦ-и Сочи» ва дигар дастаҳо ширкат меварзанд. Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз маркази матбуоти ҶСП  Нерӯгоҳи барқи  обии  «Сангтӯда -1» хабар доданд, машқу тамрини бозингарони ҳайати асосии тими НБО Сангтуда-1 зери роҳбарии Устоди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи хурди Тоҷикистон Дамир Камолиддинов мегузарад. Дар ҳайати даста 9 нафар мебошанд. Аз рӯи қоидаҳои бозии футболи хурд 5 нафар  дар майдон бозӣ карда  дигарон баъдтар онҳоро иваз менамоянд. Сарварии дастаро хизматчии хадамоти амнияти ҶСК  НБО Сангтӯда-1 Муҳаммад Алихонов бар ӯҳда дорад . Директори генералии ҶСК  «Сангтӯда-1»  Владимир Белов  зикр намуд , ки  НБО Сангтӯда-1 бори аввал  дар мусобиқаҳои корпоративии  ИНТЕР РАО ЕЭС ширкат меварзад . « Бегуфтугӯ  , ин барои мо бисёр воқеаи  муҳим аст , зеро  ҳайати кормандони Сангтӯда-1  ба   оилаи калон ,пурқудрат ва  сермиллати энергетикҳои ИНТЕР РАО  ЕЭС дохил гаштанд . Боварӣ дорам, ки  футболбозони мо  дар мусобиқаи ба даст овардани Ҷом  дар Молдова  сарбаландона  бозӣ мекунанд.  Мо ният  дорем ,ки ғолиб оем, ҳарчанд имконияти иштирок дар чунин мусобиқаи бузурги байналмиллалӣ  худ шарафи бузург аст» — гуфт В Белов. Ёдовар мешавем, ки  ҶСК « Сангтуда-1» – корхонаи якҷояи  руссиягӣ -тоҷикист, ки дар моҳи феврали соли 2005 бо мақсади ба анҷом расонидани сохтмон ва  ба  кордарории  нерӯгоҳҳои барқию обии дар дарёи Вахш бунёдёбанда сохта шудааст . Иқтидори содиротии НБО «Сангтуда-1» 670 МВт –ро ташкил медиҳад. Агрегати аввали ин нерӯгоҳ   20 январи соли 2008 ба кор шурӯъ намуд.   

Июль 12, 2010 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд