ЭНЕРГЕТИКҲО ДАР МУСОБИҚОТИ ФУТБОЛИ ХУРД ШИРКАТ МЕВАРЗАНД
Душанбе 12 июл (АМИТ « Ховар» Покиза Маҳмадбекова). Энергетикҳои ҶСК Неругоҳи барқи обии «Сангтуда-1» дар мусобиқаи 4-уми футболи хурд барои дарёфти Ҷоми « ИНТЕР РАО ЕЭС»- бузургтарин ширкати содир ва воридкунандаи нерӯи барқ дар Руссия иштирок менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 9 то 15 сентябр дар шаҳри Тираспол мегузарад ,дастаҳои ҶСК « ИНТЕР РАО ЕЭС» , ҶСП «МЭК» ,ҶС « Теласи» , ҶС « Истгоҳи Экибастуз-2» , ҶСП « Хатҳои барқии Арманистон», филиалҳои «ТЭЦ-2-и Калининград , «ТЭЦ-и Сочи» ва дигар дастаҳо ширкат меварзанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҶСП Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» хабар доданд, машқу тамрини бозингарони ҳайати асосии тими НБО Сангтуда-1 зери роҳбарии Устоди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи хурди Тоҷикистон Дамир Камолиддинов мегузарад. Дар ҳайати даста 9 нафар мебошанд. Аз рӯи қоидаҳои бозии футболи хурд 5 нафар дар майдон бозӣ карда дигарон баъдтар онҳоро иваз менамоянд. Сарварии дастаро хизматчии хадамоти амнияти ҶСК НБО Сангтӯда-1 Муҳаммад Алихонов бар ӯҳда дорад . Директори генералии ҶСК «Сангтӯда-1» Владимир Белов зикр намуд , ки НБО Сангтӯда-1 бори аввал дар мусобиқаҳои корпоративии ИНТЕР РАО ЕЭС ширкат меварзад . « Бегуфтугӯ , ин барои мо бисёр воқеаи муҳим аст , зеро ҳайати кормандони Сангтӯда-1 ба оилаи калон ,пурқудрат ва сермиллати энергетикҳои ИНТЕР РАО ЕЭС дохил гаштанд . Боварӣ дорам, ки футболбозони мо дар мусобиқаи ба даст овардани Ҷом дар Молдова сарбаландона бозӣ мекунанд. Мо ният дорем ,ки ғолиб оем, ҳарчанд имконияти иштирок дар чунин мусобиқаи бузурги байналмиллалӣ худ шарафи бузург аст» — гуфт В Белов. Ёдовар мешавем, ки ҶСК « Сангтуда-1» – корхонаи якҷояи руссиягӣ -тоҷикист, ки дар моҳи феврали соли 2005 бо мақсади ба анҷом расонидани сохтмон ва ба кордарории нерӯгоҳҳои барқию обии дар дарёи Вахш бунёдёбанда сохта шудааст . Иқтидори содиротии НБО «Сангтуда-1» 670 МВт –ро ташкил медиҳад. Агрегати аввали ин нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор шурӯъ намуд.








Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






