ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ

Июль 20, 2010 14:54

Душанбе,  20 июл. (АМИТ «Ховар»,  Дилшода  Ҷонмардова). 19 июли соли равон зимни  мулоқоти Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу аз болоравии муомилоти тиҷорати байниҳамдигарии давлатҳои аъзои созмон ёдоварӣ карда шуд. Мусоҳибон изҳор доштанд, ки  дар татбиқи барномаи даҳсолаи афзунгардонии муомилоти тиҷоратии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ барои солҳои 2005-2015 нақши Тоҷикистон  калон аст ва минбаъд низ  бештар гардонида хоҳад шуд. Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу аз ҷаласаи 37-уми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви созмон, ки дар  шаҳри Душанбе  баргузор гардида буд, ёдовар шуда, ба роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин ҳамоиши байналмиллалӣ арзи сипос  кард. Акмалиддин Эҳсоноғлу  нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили минтақавию байналхалқӣ, бахусус масоили истифодаи захираҳои обӣ махсус таъкид карда изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсат масъалаи об ва истифодаи сарфакоронаи он ба яке аз бахшҳои асосии ҳамгироиҳои давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ табдил  дода хоҳад шуд.             Дар мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони конфронси исломӣ ва давлатҳои аъзои он дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сохтмони роҳу купрӯкҳо  ва бартарафсозии оқибати  фалокатҳои табиии  мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  таъсиси хазинаи ҳамбастагии исломӣ бо сармояи даҳ миллиард доллар оид ба кӯмакҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулодда иқдоми зарурию саривақтӣ  арзёбӣ шуд.

Июль 20, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд