ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). 19 июли соли равон зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу аз болоравии муомилоти тиҷорати байниҳамдигарии давлатҳои аъзои созмон ёдоварӣ карда шуд. Мусоҳибон изҳор доштанд, ки дар татбиқи барномаи даҳсолаи афзунгардонии муомилоти тиҷоратии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ барои солҳои 2005-2015 нақши Тоҷикистон калон аст ва минбаъд низ бештар гардонида хоҳад шуд. Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу аз ҷаласаи 37-уми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви созмон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ёдовар шуда, ба роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин ҳамоиши байналмиллалӣ арзи сипос кард. Акмалиддин Эҳсоноғлу нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили минтақавию байналхалқӣ, бахусус масоили истифодаи захираҳои обӣ махсус таъкид карда изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсат масъалаи об ва истифодаи сарфакоронаи он ба яке аз бахшҳои асосии ҳамгироиҳои давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ табдил дода хоҳад шуд. Дар мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони конфронси исломӣ ва давлатҳои аъзои он дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сохтмони роҳу купрӯкҳо ва бартарафсозии оқибати фалокатҳои табиии мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъсиси хазинаи ҳамбастагии исломӣ бо сармояи даҳ миллиард доллар оид ба кӯмакҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулодда иқдоми зарурию саривақтӣ арзёбӣ шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






