ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОН ДАР ХАТЛОН

Июль 15, 2010 09:10

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бинобар тағйирёбии обу ҳавои нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ афзоиши ҳашароти зараррасон ба зироатҳои кишоварзӣ бештар мушоҳида гардид. Бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор  аз ҳашароти зараррасон аз тарафи Вазорати кишоварзӣ иловатан 1000 литр заҳрдоруи «Омайт» ва 500 литр «Малатион» ҷудо гардида, ба таври ройгон ба ноҳияҳои вилояти Хатлон фиристонида шуд. Бино ба гуфти сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии вазорат Ю. Муродов, соли ҷорӣ барои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони кишоварзӣ ба вилоятиХатлон ба миқдори 9840 литр заҳрдору, 18 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ва 140 адад дастгоҳҳои  дорупошаки дастӣ фиристода шуда буд. Дар кори муборизаи зидди ҳашароти зараррасон ҳамчунин 300 нафар коргарони  мавсимӣ аз 1-уми апрел то 1-уми июли соли ҷорӣ ҷалб карда шуданд.

Июль 15, 2010 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд