ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОН ДАР ХАТЛОН
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бинобар тағйирёбии обу ҳавои нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ афзоиши ҳашароти зараррасон ба зироатҳои кишоварзӣ бештар мушоҳида гардид. Бо мақсади ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор аз ҳашароти зараррасон аз тарафи Вазорати кишоварзӣ иловатан 1000 литр заҳрдоруи «Омайт» ва 500 литр «Малатион» ҷудо гардида, ба таври ройгон ба ноҳияҳои вилояти Хатлон фиристонида шуд. Бино ба гуфти сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии вазорат Ю. Муродов, соли ҷорӣ барои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони кишоварзӣ ба вилоятиХатлон ба миқдори 9840 литр заҳрдору, 18 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ва 140 адад дастгоҳҳои дорупошаки дастӣ фиристода шуда буд. Дар кори муборизаи зидди ҳашароти зараррасон ҳамчунин 300 нафар коргарони мавсимӣ аз 1-уми апрел то 1-уми июли соли ҷорӣ ҷалб карда шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






