ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТ

Июль 26, 2010 16:57

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – «25 июл кормандони соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ рӯзи Иди касбии худро таҷлил намуданд. Бахшида ба ин рӯз  дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он Олимҷон Бобоев- Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ширкат варзида, тамоми кормандони вазорати мазкурро бо иди касбиашон табрик намуд. Дар ин ҷамъомад 8 нафар корманди соҳа бо нишони «Нақлиётчии фахрӣ», 37 нафар бо Ифтихорномаи фахрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ барои хизматҳои тӯлонӣ дар ин соҳа сазовор гардиданд.     Худи ҳамон рӯз дар Вазорат ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур барпо гардид.   Ҳамчунин дар ин чорабинӣ  «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ-ҷустуҷӯӣ», Раёсати хоҷагии роҳу нақлиёти минтақавӣ иштирок намуданд. Дар ярмаркаи мазкур ҳар як идораву корхонаи тобеи Вазорати нақлиёт мутаносибан 40-42 ҷойи кории холӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун пешниҳод намуданд.    

Июль 26, 2010 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд