ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТ
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – «25 июл кормандони соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ рӯзи Иди касбии худро таҷлил намуданд. Бахшида ба ин рӯз дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он Олимҷон Бобоев- Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ширкат варзида, тамоми кормандони вазорати мазкурро бо иди касбиашон табрик намуд. Дар ин ҷамъомад 8 нафар корманди соҳа бо нишони «Нақлиётчии фахрӣ», 37 нафар бо Ифтихорномаи фахрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ барои хизматҳои тӯлонӣ дар ин соҳа сазовор гардиданд. Худи ҳамон рӯз дар Вазорат ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур барпо гардид. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ-ҷустуҷӯӣ», Раёсати хоҷагии роҳу нақлиёти минтақавӣ иштирок намуданд. Дар ярмаркаи мазкур ҳар як идораву корхонаи тобеи Вазорати нақлиёт мутаносибан 40-42 ҷойи кории холӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун пешниҳод намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






