ИДОМАИ СОХТМОНИ НАҚБИ ШАҲРИСТОН
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, то 10 –уми июли соли 2010 нақби Шаҳристон ба дарозии 4 ҳазор метр ва нақби ҳаводиҳандаи он ба 4 ҳазору 200 метр расонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақша нақби Шаҳристон 5 ҳазору 253 метр ва нақби ҳаводиҳандаи он 5 ҳазору 305 метрро ташкил медиҳад. Нақб дар байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон қарор дошта, сохтмони он моҳи авгуси соли 2006 оғоз гардидааст. Пудратчии сохтмон ширкати «Сhina Road» мебошад. Арзиши лоиҳавии ин иншот 51,7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, айни замон дар сохтмони нақб 394 нафар кор мекунанд, ки 100 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Бо супориши Сарвари давлат сохтмони нақб бояд то моҳи июли соли 2011 пурра ба итмом расонида шавад.