ИДОМАИ СОХТМОНИ НАҚБИ ШАҲРИСТОН

Июль 12, 2010 09:42

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, то 10 –уми июли соли 2010 нақби Шаҳристон ба дарозии 4 ҳазор  метр ва нақби ҳаводиҳандаи он ба 4 ҳазору 200  метр расонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақша   нақби Шаҳристон 5 ҳазору 253 метр ва нақби ҳаводиҳандаи он 5 ҳазору 305 метрро ташкил медиҳад. Нақб дар байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристон қарор дошта, сохтмони он моҳи авгуси соли 2006 оғоз гардидааст. Пудратчии сохтмон ширкати «Сhina Road» мебошад. Арзиши лоиҳавии ин иншот 51,7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ҳамин  манбаъ, айни замон дар сохтмони нақб 394 нафар кор мекунанд, ки 100 нафарашон шаҳрвандони  Тоҷикистон мебошанд. Бо супориши Сарвари  давлат сохтмони  нақб бояд то моҳи июли соли 2011 пурра ба итмом расонида шавад.

Июль 12, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!