ИФТИТОҲИ СОМОНАИ РАСМИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶТ

Июль 27, 2010 15:58

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 27 июл  дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифии сомонаи расмии Кумита, ки ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна бахшида шудааст, баргузор гардид.   Ин сомона, яке аз самтҳои фаъолияти КДСИАД-ро дар соҳаи ҷалбнамоӣ, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои рушди Тоҷикистон равона шудааст, инъикос менамояд. Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Тоҷикистон, тақрибан бо 80 созмони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад, ки КДСИАД бо онҳо муносибати зичи ҳамкориро ба роҳ мондааст. Иттилооти сомона барои доираи васеъи истифодабарандагон, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатдорони бевосита равона шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки иттилооти дар сомона ҷойгиршуда, ифодагари манфиати ҳама истифодабарандагон буда, ба афзоиши шаффофии ҷараёни ҷалб ва истифодаи мақсаднок ва самарабахши кӯмаки беруна, вусъат додани ҳаҷми ҳамкорӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳот ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Июль 27, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд