ИФТИТОҲИ СОМОНАИ РАСМИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶТ
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 27 июл дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муарифии сомонаи расмии Кумита, ки ба ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна бахшида шудааст, баргузор гардид. Ин сомона, яке аз самтҳои фаъолияти КДСИАД-ро дар соҳаи ҷалбнамоӣ, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои рушди Тоҷикистон равона шудааст, инъикос менамояд. Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Тоҷикистон, тақрибан бо 80 созмони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад, ки КДСИАД бо онҳо муносибати зичи ҳамкориро ба роҳ мондааст. Иттилооти сомона барои доираи васеъи истифодабарандагон, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатдорони бевосита равона шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки иттилооти дар сомона ҷойгиршуда, ифодагари манфиати ҳама истифодабарандагон буда, ба афзоиши шаффофии ҷараёни ҷалб ва истифодаи мақсаднок ва самарабахши кӯмаки беруна, вусъат додани ҳаҷми ҳамкорӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳот ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






