ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲО ДАР “АМОНАТБОНК”
Душанбе,16 июл.(АМИТ”Ховар”,Зебо Давлатова). — Сардори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Гулнора Кенҷаева зимни нишасти матбуотӣ дар гузориши хеш афзуд,ки дар нимсолаи аввали соли 2010 сармояи умумии бонк то 1 июл маблағи 119 млн.сомониро ташкил дода,нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9 фоиз зиёд гардид. Ба суратҳисоби транзитии буҷети давлат дар ҳаҷми 518 млн.сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 288 млн.сомонӣ ворид гардида,тавассути филиалҳои бонк ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 19,3 фоиз зиёд аст. Чуноне ки Гулнора Кенҷаева дар нишаст иброз дошт,дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷумҳурӣ 24 адад банкоматҳо ва 15 адад нуқтаҳои пардохти пули нақд насбу ба кор дароварда шуд. Аз 1 июли соли равон шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда,ба 2739 нафар расидааст. Имрӯзҳо бонк дар маҷмӯъ бо 11 низоми фаврии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ дошта,дар ҳамаи филиалҳои бонкҳо интиқоли маблағҳо ба роҳ монда шудааст.Дар филиали бонк 122 нуқтаи интиқол бо 1135 адад калидҳои дастёб амал мекунанд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ лоиҳаи нави Созишномаи хати қарзӣ ба малағи 5 млн доллари .ИМА барои дастгирии соҳаи савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳузури роҳбарони ҳарду бонкҳо дар шаҳри Пекин ба имзо расонида шуд.Аз моҳи июли соли ҷорӣ барои амалӣ гаштани хати қарзӣ дар ҳаҷми 1 млн.юани хитойӣ корҳои омодагӣ рафта истодааст.