ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КЎДАКОН
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-8 нафар хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар 9-умин Фестивали байналмилалии кўдаконаи «Ҷаҳонро беҳтар месозем» (Изменим мир к лучшему), ки аз 21 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қрим, дар Маркази байналмилалии кўдаконаи «Артек» баргузор мегардад, ширкат хоҳанд варзид. Бояд гуфт, ки ҳадафи фестивал мустаҳкам намудани муносибатҳои дўстона ва ба кўдакон ошно намудани фарҳанги байни кишварҳо мебошад. Дар фестивал намояндагони хурдсоли 55 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи фестивал баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, Рўзи ҷаҳон, ки дар он гузаронидани вохўрии кўдакон бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Украина, барномаҳои консертӣ, озмунҳо, намоишномаҳои театрӣ ва эҷодӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






