ИСТЕҲСОЛИ ЛАҒМОНИ УКРАИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Июль 7, 2010 10:27

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси қарордодҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина Маркази хизматрасонии техникӣ ва фурӯши савдои «Импексмаш»- и    Украина сардори Раёсати саноати хӯроквории Вазорати Энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Рӯзиев  ҷиҳати шиносоӣ бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи   хӯрокворӣ ба Ҷумҳурии Украина сафар кард. Дар давоми сафари кории якҳафтаина намояндаи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон  ба беш аз 14 маркази хизматрасонии техникӣ ва  корхонаҳои истеҳсолкунандаи саноати хӯрокворӣ шиносоӣ  пайдо намуда, ҷиҳати ворид сохтани хати технологии истеҳсоли лағмон (спагеттии украинӣ) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо  расонд. Тибқи гуфтушунидҳои қаблӣ, дар самти таъмини корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти қаннодӣ, кулчақандҳои гуногун, макарон ва нону   маҳсулоти нонӣ бо хатҳои технологии муосир, бо нархҳои барои Тоҷикистон дастрас, бо Маркази хизматрасонии техникӣ ва фурӯши «Импексмаш» гуфтушунид анҷом дода шудааст. Дар назар аст, ки бо дастрас шудани маблағи зарурӣ, таҷҳизоти технологии истеҳсоли лағмон ва дигар  маҳсулоти қаннодӣ  ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Июль 7, 2010 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд