ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ АЗ БАРНОМАИ КОМПЮТЕРКУНОНӢ

Июль 23, 2010 09:19

Душанбе,23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  барои иҷрои пурраи Барномаи компютеркунонӣ ба 1077 адад компютер эҳтиёҷ доранд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҷӯрабой Собиров ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, бо пешниҳоди як гурӯҳ мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати пайвастани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет аз ҷониби ҳукуматҳои маҳалӣ дастгирӣ ёфт.  То имрӯз  дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа 15 мактаб, Кӯлоб – 5, Норак-5, Сарбанд – 2 ва ноҳияҳои Қубодиёну Панҷ  думактабӣ, Ховалинг, Қумсангир, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус ва Вахш якмактабӣ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайваст карда шуданд.

Июль 23, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд