КӮМАК БА МАЪЮБОН АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Июль 15, 2010 09:11

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, дар доираи таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолон   бо қарори раиси вилоят ба 215  нафар маъюбон ва пиронсолон кӯмаки яквақта барои ҳар як нафар ба миқдори  50 сомонӣ дода шуд. Бино ба иттилои ҳамин  манбаъ то 1-уми июли соли ҷорӣ 183 ҳазору 380 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 35 ҳазору 282 нафарашон гирандагони нафақаи маъюбӣ буда, 16 ҳазору 110 нафарашонро гирандагони нафақаи иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, тибқи қарори раиси вилоят барои беҳдошти вазъи моддии хона- интернатҳо ва марказҳои маъюбону пиронсолон  ба муносибати Рӯзи маъюбон 8 ҳазору 250 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.    

Июль 15, 2010 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд