КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА БАЧАГОНИ ҚИРҒИЗ
Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар арафаи соли нави хониш қариб 5 тонна кӯмаки хайрхоҳонаи Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ ба шаҳри Бишкек расонида шуд. Кӯмаки башардӯстона ба Қирғизистон дар мувофиқа бо тавсияи машварати мақомоти ҳамкориҳои соҳавӣ дар фазои башардӯстона, ки дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск 18 июни соли 2010 баргузор шуда буд, равона мегардад. Гирандагони кӯмак асосан мактабҳои таҳсилоти умумӣ, интернатҳо барои кӯдакони нобино ва бачагони осебдидаи ҷисму рӯҳ шаҳрҳои Бишкек, Ош, Ҷалолобод ва дигар шаҳрҳои Қирғизистон мебошанд. Ба талабагон аз ҷумла маводи аёниву таълимӣ, методӣ ва адабиёти махсус барои бачагони нобино, асбобу анҷоми лабораторӣ, компютерҳо, бозичаҳо ва адабиёти гуногун тақдим гардид. Ёдовар мешавем, ки Шартнома оид ба таъсис додани ФБҲБ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 25 майи соли 2006 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 7 давлат: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расида буд. Моҳи июни соли 2008 бошад давлати Озарбойҷон низ ба Шартнома аъзо гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






