КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА БАЧАГОНИ ҚИРҒИЗ

Июль 29, 2010 15:13

Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар арафаи соли нави хониш қариб 5 тонна кӯмаки хайрхоҳонаи Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ ба шаҳри Бишкек расонида шуд. Кӯмаки башардӯстона ба Қирғизистон дар мувофиқа бо тавсияи  машварати мақомоти ҳамкориҳои соҳавӣ дар фазои башардӯстона, ки дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск 18 июни соли 2010 баргузор шуда буд, равона мегардад.  Гирандагони кӯмак асосан мактабҳои таҳсилоти умумӣ, интернатҳо барои кӯдакони нобино ва бачагони осебдидаи ҷисму рӯҳ шаҳрҳои Бишкек, Ош, Ҷалолобод ва дигар шаҳрҳои Қирғизистон мебошанд.    Ба талабагон аз ҷумла маводи аёниву таълимӣ, методӣ ва адабиёти махсус барои бачагони нобино, асбобу анҷоми лабораторӣ, компютерҳо, бозичаҳо ва адабиёти гуногун тақдим гардид. Ёдовар мешавем, ки Шартнома оид ба таъсис додани ФБҲБ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 25 майи соли 2006 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 7 давлат: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расида буд. Моҳи июни соли 2008 бошад давлати Озарбойҷон низ ба  Шартнома аъзо гардид.  

Июль 29, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид