КӮМАКИ МЕТОДӢ БА СУДҲО
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов, кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия фаъолияти нимсолаи судҳои ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳри Қӯронтеппа ва ноҳияҳои Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Панҷ, Ҷиликӯл, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хисрави вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мақсади санҷишро раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов шарҳ дода иброз дошт, ки дар санҷиш масъалаҳои саривақт баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаҳои судии баррасиашон боздошташуда ва бебаррасӣ мондашудаи соли 2009 мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Илова бар ин, дар нимсолаи якуми соли 2010 фаъолияти судҳои ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод дар самти коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо ва риояи низоми махфият мавриди санҷиш қарор ёфта, дар бартарафсозии камбудиҳо кӯмаки амалии методӣ расонида шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






