КӮМАКИ МЕТОДӢ БА СУДҲО

Июль 29, 2010 10:10

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов, кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия фаъолияти нимсолаи судҳои ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳри Қӯронтеппа ва ноҳияҳои Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Панҷ, Ҷиликӯл, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хисрави вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мақсади санҷишро раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов шарҳ дода иброз дошт, ки  дар санҷиш масъалаҳои саривақт баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаҳои судии баррасиашон боздошташуда ва бебаррасӣ мондашудаи соли 2009 мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Илова бар ин, дар нимсолаи якуми соли 2010  фаъолияти судҳои ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт ва  Тоҷикобод дар самти коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо ва риояи низоми махфият мавриди санҷиш қарор ёфта, дар бартарафсозии камбудиҳо кӯмаки амалии методӣ расонида шуд.

Июль 29, 2010 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад