КӮМАКИ МОЛИЯВИИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ҶАШНИ РӮЗИ МАЪЮБОН
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ С. Фозилов, пагоҳ дар толори Маркази фарҳангии ҷавонон — «Ориёно» бахшида ба рӯзи маъюбон дар ҳамкорӣ бо Раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ин ҷамъомад вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов иштирок намуда, доир ба ҳаёт ва шароити зиндагии имрӯзаи маъюбон ва пиронсолон муфассал суханронӣ намояд. Дар ин ҷамъомад 15 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» бо ифтихорномаҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешаванд. Иштирокчиёни бозиҳои махсуси Олимпии Осиёи Марказӣ Нуриддин Шайхов ва Саид Достиев, ки дар байни 200 нафар варзишгарони маъюби бозиҳои Олимпӣ соҳиби медали нуқра гардидаанд, дар ин ҷамъомад бо тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати меҳнат қадрдонӣ карда мешаванд. Рӯзи ҷашн маъюбон бо дастгирӣ ва кӯмаки молиявии Президенти ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ансамбли «Лаъл»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирокчиёни ин ҷашни тантанавиро бо суруду рақсҳои ҷолиби худ шод хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






