КӮМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА СОКИНОНИ СУҒД

Июль 2, 2010 14:16

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии моддии мардуми шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмаки моддӣ пешниҳод гардид. Аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кӯмакҳои моддиро имрӯз аз номи Сарвари давлат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба сокинони шаҳру ноҳияҳои зикршуда расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  барои 352 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, 102 нафар сокини ноҳияи Айнӣ, 55 нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмакҳои яквақта, ки асосан аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар ва ғайра иборат буд, дастрас шуд. Дар баробари ин 17 аробачаи маъюбӣ барои сокинони шаҳри Истаравшан, 2 аробачаи маъюбӣ ба ниёзмандони ноҳияи Айнӣ ва як аробачаи маъюбӣ ба истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ супорида шуд. Ҳамчунин дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ, бо дастури Президенти кишвар ба мактабҳои рақами 7, 18, 27-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 180 мизу 360 курсӣ ва ба мактабҳои рақами 17, 29, 44, 48-и ноҳияи Айнӣ 220 мизу 440 курсӣ, инчунин ба мактабҳои дар боло зикршуда, дар маҷмӯъ 10 адад компютер бо 5 принтер тақдим гардид, ки он барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар ин мактабҳо мусоидат хоҳад кард. Чунин дастгириҳои моддӣ бозгӯи он аст, ки давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгиру мададгори мардум мебошанд ва баробари пайдо шудани имконият ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин кӯмакҳо дар арафаи сафари қарибулвуқӯъи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд супорида шуданд.

Июль 2, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд