КӮМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА СОКИНОНИ СУҒД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии моддии мардуми шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмаки моддӣ пешниҳод гардид. Аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кӯмакҳои моддиро имрӯз аз номи Сарвари давлат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба сокинони шаҳру ноҳияҳои зикршуда расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои 352 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, 102 нафар сокини ноҳияи Айнӣ, 55 нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмакҳои яквақта, ки асосан аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар ва ғайра иборат буд, дастрас шуд. Дар баробари ин 17 аробачаи маъюбӣ барои сокинони шаҳри Истаравшан, 2 аробачаи маъюбӣ ба ниёзмандони ноҳияи Айнӣ ва як аробачаи маъюбӣ ба истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ супорида шуд. Ҳамчунин дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ, бо дастури Президенти кишвар ба мактабҳои рақами 7, 18, 27-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 180 мизу 360 курсӣ ва ба мактабҳои рақами 17, 29, 44, 48-и ноҳияи Айнӣ 220 мизу 440 курсӣ, инчунин ба мактабҳои дар боло зикршуда, дар маҷмӯъ 10 адад компютер бо 5 принтер тақдим гардид, ки он барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар ин мактабҳо мусоидат хоҳад кард. Чунин дастгириҳои моддӣ бозгӯи он аст, ки давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгиру мададгори мардум мебошанд ва баробари пайдо шудани имконият ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин кӯмакҳо дар арафаи сафари қарибулвуқӯъи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






