КАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Июль 9, 2010 16:31

Кӯлоб, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Паёми ҳарсолаи сарвари давлат, ки ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Намояндагони мамлакат  ирсол мегардад, дар пасманзари мӯҳтавои хеш раванди дигаргунсозиҳои ҷомеаи навини Тоҷикистонро баҳри пешрафт ва беҳбуди рӯзгори мардум  ҳамчун дастури раҳнамо тарҳрезӣ менамояд. Бахусус дар Паёми имсола, ки дар он ба масъулини ташкилоту идора ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати қабули шаҳрвандон дастурҳои мушаххас дода шуд, эътимоду боварии ашхоси ниёзмандро ба раҳбарияти олии сиёсии мамлакат қавитар гардонид. Дар ҳамин замина дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб бо ширкати раиси суд, Прокурор  ва сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ба пурсишҳои  шаҳрвандон доир ба масоили мухталифи поймол гардидани  ҳуқуқҳои онхо оид ба озодбаёнӣ ва дигар мушкилоти рӯзгори сокинони минтақа посухҳои мушаххас дода шуд. Дар ин рӯз беш аз ҳаштод нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияи Кӯлоб имкон пайдо намуданд, ки аз мушкилоти худ дар назди масъулин сухан ронда, бобати ҳалли он маслиҳат гиранд. Дар чунин як қабули навбатии шаҳрвандон, ки дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, беш аз 50 нафар шаҳрвандон ба ҳузури масъулин  пазируфта шуд, ки аксари онҳо ҷиҳати таъмин намудан бо замини наздиҳавлигӣ ва барқ, кашидани хатти оби нӯшокӣ муроҷиат карданд. Мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз имконият дархосту аризаҳои қисмати зиёди сокинонро қонеъ намуда, раиси шаҳр ба муовинону мудирони шӯъбаҳо ҷиҳати ҳалли масоили дигари шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дод. Бояд қайд намуд, ки мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ҳар рӯзи шанбе ва душанбе қабули шаҳрвандонро ба роҳ мондааст, ки онҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти хеш бо масъулин дар иртибот бошанд.

Июль 9, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд