КАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Кӯлоб, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Паёми ҳарсолаи сарвари давлат, ки ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Намояндагони мамлакат ирсол мегардад, дар пасманзари мӯҳтавои хеш раванди дигаргунсозиҳои ҷомеаи навини Тоҷикистонро баҳри пешрафт ва беҳбуди рӯзгори мардум ҳамчун дастури раҳнамо тарҳрезӣ менамояд. Бахусус дар Паёми имсола, ки дар он ба масъулини ташкилоту идора ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати қабули шаҳрвандон дастурҳои мушаххас дода шуд, эътимоду боварии ашхоси ниёзмандро ба раҳбарияти олии сиёсии мамлакат қавитар гардонид. Дар ҳамин замина дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб бо ширкати раиси суд, Прокурор ва сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ба пурсишҳои шаҳрвандон доир ба масоили мухталифи поймол гардидани ҳуқуқҳои онхо оид ба озодбаёнӣ ва дигар мушкилоти рӯзгори сокинони минтақа посухҳои мушаххас дода шуд. Дар ин рӯз беш аз ҳаштод нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияи Кӯлоб имкон пайдо намуданд, ки аз мушкилоти худ дар назди масъулин сухан ронда, бобати ҳалли он маслиҳат гиранд. Дар чунин як қабули навбатии шаҳрвандон, ки дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, беш аз 50 нафар шаҳрвандон ба ҳузури масъулин пазируфта шуд, ки аксари онҳо ҷиҳати таъмин намудан бо замини наздиҳавлигӣ ва барқ, кашидани хатти оби нӯшокӣ муроҷиат карданд. Мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз имконият дархосту аризаҳои қисмати зиёди сокинонро қонеъ намуда, раиси шаҳр ба муовинону мудирони шӯъбаҳо ҷиҳати ҳалли масоили дигари шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дод. Бояд қайд намуд, ки мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ҳар рӯзи шанбе ва душанбе қабули шаҳрвандонро ба роҳ мондааст, ки онҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти хеш бо масъулин дар иртибот бошанд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






