КАЛОНСОЛОН СОҲИБИ ИХТИСОС ГАРДИДАНД
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва тибқи роҳхатҳои раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират аз ҳисоби аҳолии бешуғл 831 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир ба ихтисосҳои оператори МЭҲ, муҳосиб, қаннод, барқчӣ, кафшергари барқӣ ва ғайраҳо ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 104 нафар шаҳрвандон, ки хоҳиши бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро доштанд ба гурӯҳҳои худмаблағгузор доир ба ихтисосҳои муҳосиб, оператори МЭҲ ва кафшергари барқӣ қабул карда шуданд. Айни замон ҳам тавассути роҳхатҳои раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва ҳам бо роҳи худмаблағгузорӣ қабули шаҳрвандон барои гирифтани ихтисоси сантехник, кафшергари барқӣ, дӯзандаи либосҳои миллӣ, ки дар бозор талаботи зиёд доранд, давом дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






