КАЛОНСОЛОН СОҲИБИ ИХТИСОС ГАРДИДАНД

Июль 27, 2010 09:34

Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва тибқи роҳхатҳои раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва  муҳоҷират аз ҳисоби аҳолии бешуғл 831 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир ба ихтисосҳои оператори МЭҲ, муҳосиб, қаннод, барқчӣ, кафшергари барқӣ ва ғайраҳо ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 104 нафар шаҳрвандон, ки хоҳиши бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро доштанд ба гурӯҳҳои худмаблағгузор доир ба ихтисосҳои  муҳосиб, оператори МЭҲ ва кафшергари барқӣ  қабул карда шуданд. Айни замон  ҳам тавассути роҳхатҳои раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва ҳам бо роҳи худмаблағгузорӣ қабули шаҳрвандон  барои гирифтани ихтисоси сантехник, кафшергари барқӣ, дӯзандаи либосҳои миллӣ, ки дар бозор талаботи зиёд доранд, давом дорад.    

Июль 27, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад