КАРЗИ БЕРУНАИ ҶУМҲУРӢ ЧИ КАДАР АСТ?

Июль 26, 2010 12:05

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Дар давоми  шаш моҳи соли равон афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 7,4 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 4,6 фоиз зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов 26 июли соли равон. Ҳамчунин зикр кард, ки ба буҷети давлатӣ дар ин давра зиёда аз 2,1 миллиард маблаг ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 293,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Гайр аз ин аз ҳисоби маблагҳои махсус 135 миллион сомонӣ, маблагҳои грантӣ ва карзии ташкилотхои байналмиллалӣ 408 миллион сомонӣ ва карзи давлатӣ 43 миллион сомонӣ ҷалб гардид, ки бо дарназардошти ин сарчашмаҳо ҳаҷми умумии даромад дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ расид. Аз рӯи иттилои С. Наҷмуддинов маблаги умумии карзи берунаи ҷумҳурӣ то якуми июли соли равон як миллиарду 775 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ММД 31,58 фоиз зиёд мебошад. «Хизматрасонӣ ва пардохти карзи берунаи Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 28,61 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби пардохти карзи асосӣ  16,73 миллион доллари амрикоӣ ва фоизи пардохт 11,88 миллион доллари амрикоиро ташкил дод»- гуфт дар фарҷом Вазири молияи ҷумҳурӣ С Наҷмуддинов.

Июль 26, 2010 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд