КАРЗИ БЕРУНАИ ҶУМҲУРӢ ЧИ КАДАР АСТ?
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Дар давоми шаш моҳи соли равон афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 7,4 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 4,6 фоиз зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов 26 июли соли равон. Ҳамчунин зикр кард, ки ба буҷети давлатӣ дар ин давра зиёда аз 2,1 миллиард маблаг ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 293,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Гайр аз ин аз ҳисоби маблагҳои махсус 135 миллион сомонӣ, маблагҳои грантӣ ва карзии ташкилотхои байналмиллалӣ 408 миллион сомонӣ ва карзи давлатӣ 43 миллион сомонӣ ҷалб гардид, ки бо дарназардошти ин сарчашмаҳо ҳаҷми умумии даромад дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ расид. Аз рӯи иттилои С. Наҷмуддинов маблаги умумии карзи берунаи ҷумҳурӣ то якуми июли соли равон як миллиарду 775 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ММД 31,58 фоиз зиёд мебошад. «Хизматрасонӣ ва пардохти карзи берунаи Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 28,61 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби пардохти карзи асосӣ 16,73 миллион доллари амрикоӣ ва фоизи пардохт 11,88 миллион доллари амрикоиро ташкил дод»- гуфт дар фарҷом Вазири молияи ҷумҳурӣ С Наҷмуддинов.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






