КОМЁБИҲОИ НАВИ ХУҶАНДИ КУҲАН

Июль 16, 2010 12:17

Хуҷанд, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). Дар шаҳри Хуҷанд  дар нимсолаи  аввал нисбат ба ҳамин   давраи соли гузашта  иншооту сохтмонҳои нав 22,9 фоиз зиёдтар  ба истифода дода шуданд. Дар ин бора  ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз шӯъбаи  иттилоотӣ-таҳлилии  маъмурияти шаҳр  хабар доданд. Тибқи иттилои  сарчашма  дар  давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон  маблағгузории  асосӣ аз ҳисоби   сарчашмаҳо  12,3 миллион сомониро  ташкил намудааст.  Тайи  шаш  моҳи соли ҷорӣ  гардиши савдои чаканаи молҳо дар шаҳр  4,8 фоиз афзуда, ҳаҷми гардиши  савдои хориҷӣ  106 фоизро  ташкил додааст. Саноатчиёни  шаҳр низ ба  комёбиҳои назарраси меҳнатӣ ноил  гаштанд. Онҳо нисбат ба нимсолаи     аввали соли гузашта  хеле бештар  маҳсулот  истеҳсол карданд.  Моҳи июни соли 2010   бо дастгирии  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилоят ва  Ҷамъияти  Саҳҳомии Пӯшидаи «Сомон –Суғд»  корхонаи бузурги  саноатии                 «Кабоол- Тоҷик — Текстайлз», ки ду сол фаъолият надошт,аз нав ба кор   пардохт. Айни замон дар  корхонаи мазкур  зиёда аз 20  тонна нахи пахта    коркард шуда , 290 нафар  бо кор пурра таъминанд. Роҳбарияти корхонаи      « Кабоол-Тоҷик –Текстайлз»  ният доранд , ки  то охири сол  ҳаҷми коркарди  нахи пахтаро  зиёд намоянд .  Ин бошад дар  навбати худ имкон медиҳад , ки 1200 нафари дигар  бо ҷои кор таъмин  гарданд. Дар нимсолаи аввали соли   2010  қисми даромади буҷаи иловагӣ 109,2   фоиз иҷро шудаву қисмати даромади  буҷа низ  барзиёд иҷро гаштааст. Дар давраи ҳисоботӣ маоши моҳонаи   кормандони хоҷагии    халқи шаҳр  ба ҳисоби миёна 448 сомониро ташкил медиҳад, ки аз  давраи  ҳисоботии  соли 2009 32 фоиз зиёд мебошад.   Муассисаҳои  шаҳр   аз ҳисоби  пардохти   нафақа ва  маоши   кормандони соҳаи  буҷавӣ қарздор нестанд.    

Июль 16, 2010 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд