КОМЁБИҲОИ НАВИ ХУҶАНДИ КУҲАН
Хуҷанд, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). Дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввал нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иншооту сохтмонҳои нав 22,9 фоиз зиёдтар ба истифода дода шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии маъмурияти шаҳр хабар доданд. Тибқи иттилои сарчашма дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон маблағгузории асосӣ аз ҳисоби сарчашмаҳо 12,3 миллион сомониро ташкил намудааст. Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои чаканаи молҳо дар шаҳр 4,8 фоиз афзуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 106 фоизро ташкил додааст. Саноатчиёни шаҳр низ ба комёбиҳои назарраси меҳнатӣ ноил гаштанд. Онҳо нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта хеле бештар маҳсулот истеҳсол карданд. Моҳи июни соли 2010 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Сомон –Суғд» корхонаи бузурги саноатии «Кабоол- Тоҷик — Текстайлз», ки ду сол фаъолият надошт,аз нав ба кор пардохт. Айни замон дар корхонаи мазкур зиёда аз 20 тонна нахи пахта коркард шуда , 290 нафар бо кор пурра таъминанд. Роҳбарияти корхонаи « Кабоол-Тоҷик –Текстайлз» ният доранд , ки то охири сол ҳаҷми коркарди нахи пахтаро зиёд намоянд . Ин бошад дар навбати худ имкон медиҳад , ки 1200 нафари дигар бо ҷои кор таъмин гарданд. Дар нимсолаи аввали соли 2010 қисми даромади буҷаи иловагӣ 109,2 фоиз иҷро шудаву қисмати даромади буҷа низ барзиёд иҷро гаштааст. Дар давраи ҳисоботӣ маоши моҳонаи кормандони хоҷагии халқи шаҳр ба ҳисоби миёна 448 сомониро ташкил медиҳад, ки аз давраи ҳисоботии соли 2009 32 фоиз зиёд мебошад. Муассисаҳои шаҳр аз ҳисоби пардохти нафақа ва маоши кормандони соҳаи буҷавӣ қарздор нестанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






