КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар пойтахти Давлати Исломии Афғонистон — шаҳри Кобул конфронси байналхалқӣ ба охир расид. Дар он намояндагони 60 мамлакати ҷаҳон ва 12 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар конфронс вазъияти имрӯзаи Афғонистон, минтақа, тадбирҳои мамлакатҳои ҷаҳон барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон, таъмини сулҳу амният ва субот дар ин мамлакати ҷангзада муҳокима шуданд. Дар конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханрониаш дар бораи мавқеи роҳбарияти ҷумҳурӣ дар масъалаи ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон, ҳалли проблемаҳои он ва таъмини сулҳу субот дар ин мамлакати ҳамсоя маълумот дод. Конфронс баъди чошти имрӯз анҷом ёфт. Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ва Муншии умумии СММ Пан Ги Мун дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои конфронс изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






