МӮҲЛАТИ КИШТИ ТАКРОРӢ БА ОХИР МЕРАСАД

Июль 26, 2010 11:11

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз дафтари матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нақшаи кишти такрорӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 175 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. То 25 – уми июл соли 2010 ҳамагӣ дар масоҳати 62 ҳазору 641 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла дар майдони 33 ҳазору 290 гектар кишти ғалладонагиҳо,  дар 18 ҳазору 91 гектар кишти ҷуворимакка барои дон, дар 6 ҳазору 5 гектар шолӣ, дар 9194 гектар дигар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар майдони 60 гектар  картошка, дар 5 ҳазору 19 гектар сабзавот, дар  масоҳати 1764 гектар полезиҳо, дар  715 гектар зироатҳои техникӣ ва дар майдони 21 ҳазору 993 гектар хӯроки чорво кишт карда   шудааст. То  охири мӯҳлати пешбинишуда ҳамагӣ як ҳафта боқӣ мондааст, ки  дар ин мӯҳлат    ба охир расонидани  кишти такрорӣ  аз имкон берун  аст.      

Июль 26, 2010 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд