МӮҲЛАТИ КИШТИ ТАКРОРӢ БА ОХИР МЕРАСАД
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз дафтари матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нақшаи кишти такрорӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 175 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. То 25 – уми июл соли 2010 ҳамагӣ дар масоҳати 62 ҳазору 641 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла дар майдони 33 ҳазору 290 гектар кишти ғалладонагиҳо, дар 18 ҳазору 91 гектар кишти ҷуворимакка барои дон, дар 6 ҳазору 5 гектар шолӣ, дар 9194 гектар дигар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар майдони 60 гектар картошка, дар 5 ҳазору 19 гектар сабзавот, дар масоҳати 1764 гектар полезиҳо, дар 715 гектар зироатҳои техникӣ ва дар майдони 21 ҳазору 993 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст. То охири мӯҳлати пешбинишуда ҳамагӣ як ҳафта боқӣ мондааст, ки дар ин мӯҳлат ба охир расонидани кишти такрорӣ аз имкон берун аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






