М АСРОРӢ: «ДӮСТИИ ҲАРДУ КИШВАРРО БОЗ ҲАМ ҚАВИТАР НАМОЕМ»

Июль 13, 2010 11:55

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 12 июл Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби  Исфандиёр Раҳими Машоиро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ қайд намуд, ки тавассути ба роҳ андохтани равобити дуҷонибаи фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дўстии мардумони ҳарду кишварро боз қавитар намоем. Масоиле мавҷуданд, ки дар оянда ҳангоми пиёда намудани муносибати ҳасана ва зимни татбиқи барномаҳои муштараки ҳамкориҳо ба таваҷҷӯҳи бештар ниёз доранд. Алалхусус, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар ин кишвар ва ташкил намудани як намоишгоҳи китоб дар Тоҷикистон. Вазири фарҳанги Тоҷикистон оиди сохтмони ду маркази бузурги фарҳангӣ, яке Осорхонаи миллӣ ва дигаре Китобхонаи миллӣ, ки ба талаботи имрўза ҷавобгў аст, маьлумот дод.      Зимни суханронии хеш Исфандиёр Раҳими Машоӣ иброз дошт, ки ў худро дар ин кишвари ҳамзабон бегона ҳис намекунад. Меҳмони олиқадри эронӣ оиди дурнамои рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дўсту ҳамзабон сухан гуфта , фарҳангро ҷузъи муҳимтарини равобити байни Эрону Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Вохўрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дўстона гузашт.

Июль 13, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад