М. ТУРСУНОВ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 5 июли соли ҷорӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд аризаи шаҳрванд Ҳамроалиев Расулҷон, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ворид гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 5 июл дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили киссаи шими Р. Ҳамроалиев 1890 сомонӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Турсунов Мамадҷон, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, пеш бо моддаи 244 (қ.2) КҶ ҶТ доғи судӣ дошт, дастгир карда шуд. Далели шайъи гирифта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






