МАҚБАРАИ ХОҶА МАШҲАД АЗ НАВ БАРҚАРОР ГАРДИД

Июль 1, 2010 16:05

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-6-уми июли соли равон пас аз тармиму азнавбарқарсозӣ маросими кушодашавии мақбараи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус доир мегардад. Бояд гуфт барои ин иқдом Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон соли 2005 шартнома баста буданд, ки маблағгузории мақбараи мазкур аз ҷониби ин сафорат сурат гирифтааст. Мақбараи Хоҷа Машҳад аз асрҳои 10-11 боқӣ монда, яке аз нодиртарин ёдгории таърихӣ ба шумор меравад.   Барои азнавбарқароркунии мақбара Вазорати фарҳанг Раҳматҷон Саломовро ҳамчун меъмори варзида ва чирадаст ба кор ҷалб намуд, ки дар давоми панҷ сол бо маблағи 120 ҳазор доллари амрикоӣ аз нав тармим гардид. Ёдрас мешавем, ки  Мақбараи Хоҷа Машҳад низ ҳамчун ёдгории таърихии нодир барои дар руйхати Мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Июль 1, 2010 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад