МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕФЗОЯД

Июль 30, 2010 10:10

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 3 млрд. 475 млн. сомониро ташкил додааст. Натиҷаҳои таҳлили ҳолати воқеии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар нимсолаи якум аз 834 корхонае, ки баланси мустақил доранд, 455 –тои он  нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2010 дар соҳаи саноати металлургияи ранга ва коркарди маъдани кӯҳӣ ба  маблағи 1 млрд. 439 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта  159 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳамчунин ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба 180 ҳазор тонна ё ба маблағи 1млрд. 275 млн. сомонӣ расонида шудааст.

Июль 30, 2010 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд