МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕФЗОЯД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 3 млрд. 475 млн. сомониро ташкил додааст. Натиҷаҳои таҳлили ҳолати воқеии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар нимсолаи якум аз 834 корхонае, ки баланси мустақил доранд, 455 –тои он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2010 дар соҳаи саноати металлургияи ранга ва коркарди маъдани кӯҳӣ ба маблағи 1 млрд. 439 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳамчунин ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба 180 ҳазор тонна ё ба маблағи 1млрд. 275 млн. сомонӣ расонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






