МАҶЛИСИ РОҲБАРОНИ БОНКҲОИ МАРКАЗӢ

Июль 7, 2010 08:43

Душанбе,  7 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —   8  июл дар  Душанбе  маҷлиси  22 –юми  Шӯрои роҳбарони  бонкҳои  марказӣ ва  миллии  давлатҳои  аъзои  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  баргузор  мегардад. Дар  он  роҳбарони  бонкҳои  марказии  Белорусия, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон,  директори бонки  байнидавлатӣ,  намояндагони Бонки рушди Евразия, котиботи  Кумитаи  хамгироӣ ва  комиссияи  намояндагони  доимии  давлатҳои  аъзои  ҷомеа  ширкат  меварзанд. Дар  маҷлис  ҷараёни  иҷрои  қарорҳои  маҷлиси  гузаштаи  Шӯро,  тадбирҳои  дастгирии  фаъолияти  бонкҳо,  таъмини  вазъи  устувори  молиявии   давлатҳои  аъзои  ҷомеа  дар  шароити  бӯҳрони  иқтисодӣ,  натиҷаҳои таҳлили  маълумот  дар  бораи  пардохти  асъор  вобаста ба   хариду  фурӯши  мол,   таҳлили  қурби  пулҳои  миллӣ  ва тағйироти он,  вазъияти  тавозуни   пардохт  ва  захираҳои  байналмилалӣ,  ҷараёни  таҳияи  лоиҳаи  созишномаи  ҳамоҳанг  сохтани  роҳу  усулҳои  сиёсати  пул  ва  қарз,   интиқоли  пул  дар  байни  мамлакатҳо ва  ғайра  муҳокима  карда  мешаванд. Маҷлис  ду  рӯз  давом  мекунад.

Июль 7, 2010 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд