МАҶЛИСИ РОҲБАРОНИ БОНКҲОИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 8 июл дар Душанбе маҷлиси 22 –юми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ ва миллии давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор мегардад. Дар он роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, директори бонки байнидавлатӣ, намояндагони Бонки рушди Евразия, котиботи Кумитаи хамгироӣ ва комиссияи намояндагони доимии давлатҳои аъзои ҷомеа ширкат меварзанд. Дар маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси гузаштаи Шӯро, тадбирҳои дастгирии фаъолияти бонкҳо, таъмини вазъи устувори молиявии давлатҳои аъзои ҷомеа дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, натиҷаҳои таҳлили маълумот дар бораи пардохти асъор вобаста ба хариду фурӯши мол, таҳлили қурби пулҳои миллӣ ва тағйироти он, вазъияти тавозуни пардохт ва захираҳои байналмилалӣ, ҷараёни таҳияи лоиҳаи созишномаи ҳамоҳанг сохтани роҳу усулҳои сиёсати пул ва қарз, интиқоли пул дар байни мамлакатҳо ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Маҷлис ду рӯз давом мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






