МАҶЛИСИ ШӮРОИ МАШВАРАТӢ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси шашуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид. Масъалаҳои асосии ҷаласа – ин баррасии лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ ва Барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба пурзӯр намудани имкониятҳои содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012 буданд. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ дар доираи иҷрои супориши протоколии ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 4 майи соли 2010 бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 қабул гардидааст. Лоиҳаи қарор роҳу усулҳои амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар бо истифода аз имконоти васеи ТИК, аз ҷумла паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, болоравии донишу малакаи мутахассисони ватанӣ, таҳкими мавқеи иқтисодии кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастрасии васеи аҳолӣ ба иттилоот ва ҳиссагузории фаъолонаи ҷомеа дар рушди сарчашмаҳои ватании интернетро дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки татбиқи чорабиниҳои пешниҳодшуда маблағгузории муайянро талаб менамояд. Ин дар навбати худ боиси рушди Тоҷикистон дар ояндаи наздик мегардад. Таҷрибаи кишварҳои аз нигоҳи «технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пешрафтаи олам, новобаста аз сатҳи рушди иқтисодиёташон ба мисли Сингапур, Ҳиндустон, Эстония, Молдова, Кореяи Ҷанубӣ нишон медиҳад, ки ин ба ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва истифодаи самараноки он, болоравии шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, шӯҳрати байналмилалии кишвар ва ҷалби бештари сармоя мусоидат менамояд. Барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба пурзӯр намудани имкониятҳои содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012-ин барномаи чорабиниҳои кӯтоҳмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади инкишофи истеҳсолоти маҳаллии коркарди мева ва сабзавот, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он, инчунин рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ин соҳа равона карда шудааст. Барномаи мазкур татбиқи рушди самтҳои стратегии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили таъмини инкишофи мустаҳками иқтисодӣ бо роҳи амалӣ намудани сиёсати сохторӣ-институтсионалии давлатӣ, ки барои ташаккули имкониятҳои мушаххаси глобалии бахши меваю сабзавоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси иқтидорҳои пешбиникунандаи инкишоф «соҳаи такягоҳ» барои иҷрои функсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳои судманди байнисоҳавӣ ва байналмилалӣ равона гардидааст. Иқтидори содиротии меваю сабзавоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошад. Рушд ва дастгирӣ намудани он, нигоҳдошт ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодии кишварро таҷассум менамояд. Меъёри асосии иҷрои чорабиниҳои Барнома ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ оид ба нишондиҳандаҳои мушаххас аз ҷумла, баҳогузории гардиши тиҷорати хориҷӣ, содироти мол ва хизматрасонӣ, зиёдшавии ҳаҷми содироти коркарди мева ва сабзавот, ҳаҷми содироти маҳсулоти баландсифат ва ғайра мебошад. Қобили зикр аст, ки Барномаи мазкур мӯҳлати ду сол дар баъзе вилоятҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии ташкилотҳои донорӣ маблағгузорӣ мешавад. Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ намояндагони бахши соҳибкорӣ баромад намуда, қабули Барнома ва татбиқи сифатноки чорабиниҳои онро барои рушди соҳаи истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ҷоннок намудани содироти маҳсулоти тайёр хуб арзёбӣ намуданд. Дар амалӣ сохтани масъалаҳои дар ҷаласа пешниҳодшуда, иштироки фаъолонаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорӣ низ аз ҷониби намояндагони онҳо иброз карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки дар ҷаласаи мазкур дар баробари роҳбарони ташкилотҳои муқими Точикистон, Йоханис Лиин-собиқ ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ, ҳоло корманди масъули Барномаи рушди СММ низ ширкат варзид.