МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ АЛОҚАИ ТЕЛЕФОНӢ

Июль 8, 2010 16:41

Душанбе,  8 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Имрӯз  дар  Душанбе  маҷлиси  муштараки  Шӯрои роҳбарони муассисаҳои  алоқаи  телефонии  барқии  минтақавӣ ва  Комиссияи  муассисаҳои  алоқаи  телефонӣ  анҷом  ёфт. Дар  он  муовини  вазири  нақлиёт  ва  алоқаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Бег  Зуҳуров,  директори генералии  Кумитаи  иҷроияи Иттифоқи  минтақавии  алоқа Нуриддин  Муҳиддинов,  директори генералии Ҷамъияти  саҳҳомии  «Белтелеком» Константин Тикар,  директори генералии  Ҷамъияти  саҳҳомии «Ростелеком» Антон Колпаков,  раиси  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Қирғизтелеком» Марат Мамбеталиев,  саркоршиноси  раёсати  сиёсати  давлатӣ  дар  соҳаи  алоқаи Вазорати  алоқа ва  иттилооти Қазоқистон Ғарифулло Алманбетов,  роҳбари  гурӯҳи  Иттиҳоди  истеҳсолии «Озтелеком» Соҳиб  Юсуфов ва  дигарон  ширкат  варзиданд. Дар  маҷлис  муовини  вазири  нақлиёт  ва  алоқаи  ҷумҳурӣ  Бег  Зуҳуров  ва  директори генералии  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Тоҷиктелеком» Музаффар  Ҳимматов  маърӯза  карданд. Онҳо  дар  бораи таърихи   соҳаи  алоқаи телефонӣ  дар  Тоҷикистон  ва тадбирҳои  Ҳукумати  мамлакат  барои   рушди  соҳаи  алоқа   сухан ронданд. Қайд  карда  шуд, ки  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  миёнаҳои  солҳои  90 – уми  асри  гузашта Барномаи  миллии  рушди   алоқаи телефониро  қабул  кард.  Солҳои охир  дар  Тоҷикистон  силсилаи  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  қабул  гардиданд, ки   ба  истифодаи  технологияҳои навтарини  иттилоотӣ  ва  алоқа   марбут  мебошанд. Ба  туфайли  ин  теъдоди  муассисаҳои  алоқаи телефонӣ  дар  мамлакат  сол то  сол  меафзояд.  Тӯли солҳои охир  шумораи  хеле  зиёди  муассисаҳои  алоқаи телефонӣ хусусӣ  гардонида шуданд. Сипас  дар  маҷлис  бахшида ба  соҳаҳои гуногуни  алоқаи  телефонӣ,  роҳу  усулҳои  такмил  додани он,  мавриди  истифода  қарор  додани  намудҳои  нави  хизматрасонии алоқа,  ташкили  шабакаи  байналмилалии  алоқаи  хизматӣ,  самтҳои  асосии  рушди  шабакаи  пахши  барномаҳои  рақамӣ  дар  Белорусия, пешниҳодҳо  дар  бораи  таъсиси ҳукумати  электронӣ ва  ғайра  маърӯзаҳо  хонда  шуданд. 

Июль 8, 2010 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!