МА&#1206ЛИСИ МИЛЛ&#1250 ТА&#1170ИРОТ&#1202ОРО БА ЯК &#1178АТОР КОДЕКС&#1202О &#1206ОНИБДОР&#1250

Июль 8, 2010 15:27

Душанбе,  8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-8 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд. Дар иҷлосия беш аз  30 масъалаи ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, ки ба рушди минбаъдаи кишвар мусоидат менамоянд,  баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.  Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қисми 2 Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани   илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Оид ба ворид намудани тағийрот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардиданд.         Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи палатаи болоии парлумони мамлакат Мансур Қодиров масъалаҳои дар боло зиркшударо шарҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани қонунҳо  ба Конститутсия (Сарқонун)- и мамлакат, таҳкими волоияти қонун, татбиқи ислоҳоти судӣ дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ва арҷ гузоштан ба  арзишҳои миллӣ, бахусус баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз аст.

Июль 8, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!