МАБЛАҒ БАРОИ ТАЪМИРИ ОСОРХОНА
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Бо мақсади таъмиру тармими осорхонаи муаллифи асари безаволи «Тоҷикон», Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарор «Оид ба ҷудо намудани маблағ»-ро имзо намуд. Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи қарори мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазифадор шудааст, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағи ҷудошударо таъмин намояд. Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки санаи 27 майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, сокинони ин ноҳия аз Қоҳир Расулзода барои мусоидат намудан ба таъмиру тармими осорхона кӯмак пурсида буданд ва қарори зикршудаи Раиси вилояти Суғд дар ин замина ба тасвиб расид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






