МАРДУМИ ЧИЛДУХТАРОН ҶӢ ЗИНДАГӢ ДОРАНД?
Кӯлоб, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Ҷамоати Чилдухтарон 6-ҳазор аҳолӣ дорад, ки онҳо дар 47 деҳа зиндагӣ меқунанд. Дар 27 деҳаи ин он мактаби таҳсилоти ҳамагони вуҷуд надорад ва ҷавонону наврасони ин деҳот дар ҳеҷ куҷо таҳсил намеқунанд. Бобохон Сафаров, директори мактаби деҳаи Чилдухтарон мегӯяд, дар ҳақиқат вазъи таълим дар ин мавзеъ ба мушкил рӯ ба рӯст. Ба гуфтаи ӯ, аксари ҷавононе, ки наметавонанд дар мактаби миёнаву олӣ таҳсил кунанд, ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Абдулхайр Олимбеков, раиси ҷамоати Чилдухтарон тамоми мушкилоти сокинони ин ноҳияро марбут ба роҳ медонад. Ба гуфтаи ӯ, сар аз моҳи ноябр то моҳи май роҳҳои хароби ин ноҳия комилан баста мешавад ва рафтуо ба маркази ноҳия қатъ мегардад. А. Олимбеков инчунин афзуд, “маҳз баста будани роҳҳост, ки мо бо бозор иртибот надорем. 1 кг себи тари мо 1 сомону 20 дирам нарх дорад, аммо мо онро наметавонем ба бозор барорем. Аз 8 кг себи тар аҳоли 1 кг меваи хушк ба даст меорад ва онро бо мушкилоти зиёд 1 сомонӣ мефурӯшад, яъне 8 баробар зарар мебинад. Ин ҳама ба мушкилоти роҳ вобастааст.”








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






